Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

пайрави ман шуда номамро қадр хоҳад кард, андешид Маҳкам. Ӯ ғарқи андешаҳои гуногун ногоҳ ба шогирдаш муроҷиат кард:

  • Писарам, медонӣ барои чӣ ин қитъа номи Рабииро гирифтааст?

Амрулло аз ин суоли ногаҳонии устод каме ҳайрон шуда бошад ҳам, сир бой надод, балки бо табассум гуфт:

  • Медонам, устод, ба шунидам Рабий шоири боистеъдод асту китоби шеърҳо низ дорад, боз ана ин қитъаро ободу дарахт шинондааст. Ҳалолаш бод.

  • Ҳа, писарам, афзуд акаи Маҳкам, номи мо коркунони ҷангалро танҳо боғу ҷангалзорҳои обод кардаамон зинда медорад. Ин кори мо низ мисли шоирӣ эҷодкорист, яъне мо ба табиат умри дубора эҳё мекунем, фаҳмидӣ...

  • Устод шумо ҳам тӯли беш аз чиҳил соли коратон дар хоҷагии ҷангал ҳазорҳо бех ниҳол шинондаед, э-ҳа аз мӯи сар ҳам зиёд – гуфт бо шодӣ ва мисли кӯдак завқ бурд шогирдаш Амрулло.

  • Бале, писарам, боварӣ дорам, ки ту низ ин анъанаро давом дода қитъаҳои атрофро ба боғу бӯстон табдил хоҳӣ дод, илова намуд бо ифтихор акаи Маҳкам.

Устоду шогирд ҳар ду баробар қадам зада сӯҳбаткунон дохили идораи хоҷагии ҷангал шуданд. Дар идора онҳоро сардори хоҷагӣ марди

пешина
аз 82
навбатӣ