Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
ҳалиму кордон Нуралӣ Худойқулов истиқбол гирифт.
-
Эй қанд занед, акаи Маҳкам, албатта бо шогирдатон ҳамаи қитъаро давр задед, гуфт Нуралӣ Худойқулов.
-
Бале, гапатон дуруст, хостам саҳарқатӣ ҷангалро хабар гирем, то диламон қарор гирад, шӯхиомез ҷавоб дод акаи Маҳкам.
-
Майлаш, акнун биёед ба сари масъалаи асосӣ баргардем. Акаи Маҳкам, шумо соҳиби таҷрибаи калон, бигӯед, ки боз дар кадом қитъа ниҳол шинондан лозим.
-
Пири кор каме андеша карду афзуд:
-
Раис, хуб мешуд, ки дар қитъаи боғи Ғалаба ва шафати парки Айнӣ ниҳолони арчаи худрӯй шинонем.
Нуралӣ Худойқуловро ин ҷавоби акаи Маҳкам писанд омад ва баъди маслиҳат супориш дод, ки дар ин қитъаҳо ниҳолҳои ҷавони арчаро шинонда атрофи боғи Ғалабаро бо гулу буттаҳои ороишӣ ҳусн бахшанд.
Ҳамон бегоҳ бо роҳбарии раис ва ҳидояти акаи Маҳкам аллакай дар ин қитъаҳо ниҳолакони сабз назаррабоӣ доштанд...
Маҳкам Ҷӯраев худро пайванди обу гили Ватан ва табиати зебо медонад. Ӯ ҳамеша бо табиату бо ҷангал, дарахтон хушбахтии худро мебинад. Мехоҳад ҳамеша дар оғӯши биҳиштсои табиат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё