Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Вай аз иқдоми неки Президенти мамлакат оиди ҷудо намудану ба ихтиёри марди деҳқон гузоштани 75 ҳазор гектар замин изҳори хурсандию қаноатмандӣ дорад. Сад шукр, ки акнун мардум дар замини ҷудокардааш маҳсулот корида нонашро ёфта мехӯрад. Баъди ин иқдом истифодаи замин хеле беҳтар гашта масоҳати боғҳо афзуд ва ҳосилнокии маҳсулот низ зиёд шуд. Зеро дар ҷумҳурии камзамини мо истифодаи ҳар як ваҷаб замин мақсадноку пурсамари хеле зарур аст. Маҳкам Ҷӯраев барои хизматҳои шоистаи таҳсинаш на фақат дар байни кормандони хоҷагии ҷангал, балки дар саросари шаҳру навоҳӣ чун ҳомии ҷангал шинохта шудааст. Қобилияти кордонии ӯро ба инобат гирифта вазорати ҳифзи табиат ду маротиба ӯро бо нишони сарисинагии ғолиби мусобиқа, собиқадори меҳнат ва ифтихорнома сарфароз гардондааст.

Бо вуҷуди дар як соҳа умри худро сипарӣ намудан ва сарҷангалпарвар буданаш марди хеле оддӣ, ҳалиму хоксор аст. Ӯ хоксорию фурӯтаниро мояи ифтихору мардӣ дониста мисраҳои шоирро дар ин маврид такрор мекунад:

Айб аст, бузург баркашидан худро,
Аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.
Аз мардумаки чашм бибояд омӯхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.

пешина
аз 82
навбатӣ