Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

инсондӯстӣ ва ҳимматбаландӣ қавӣ мебошад.

Маҳкам Ҷӯраев дар ҳақиқат инсони мулоҳизакору боандеша аст. Пеш аз он ки ба кори хайре даст занаду амалеро шурӯъ созад, нахуст хуб фикр мекунад. «Даҳ бор чен куну як бор бур» - ро шиор карда андешаҳояшро пухта мекунад. Ба коргоҳ бо нақшаҳои нав омада фикрҳояшро кушоду равшан баён месозад.

Охир ӯ ҳанӯз аз айёми дар техникуми ҷангал таҳсил карданаш фаҳмида буд, ки дар кори ҷангалпарварӣ аввал бояд ба илми биология, табиатшиносӣ такя кард. Ҳоло акаи Маҳкам азёд медонад, ки дар кадом қитъа чӣ қадар ниҳол сабз шудааст.

Маҳкам Ҷӯраев китоби зиндагӣ, фаъолияти меҳнатиашро варақ зада аз пешравӣ, тағйиротҳои ба амал омада хурсанд шуд ва изҳори намуд, ки:

  • Як даврае хоҷагии ҷангали Қамчин хеле хурд буду масоҳаташ он қадар калон набуд. Баъдтар номи он чанд бор тағйир ёфту оқибат ба як хоҷагии овозадор табдил ёфт.

Ин ҳама талаботи давру замон аст, изҳор мекунад акаи Маҳкам, зеро аз ин ҷои қафомонӣ нест. Алалхусус дар замоне, ки ҷумҳурии азизи мо соҳибистиқлол шудаасту акнун худ бунёдгари ҷумҳурӣ ҳастем. Дар ин давра мо бояд ба қадри ҳар як ваҷаб замин, обу хок бирасем ва аз боигариҳои табиат самаранок истифода кунем.

пешина
аз 82
навбатӣ