Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
роҳи ҷангал шаҳр равад, яке нохост нигоҳаш дар қади дара ба нафаре афтод, ки дарахтеро бурида истодааст. Ҷавони миёнаумре бо шитоб ба бехи навниҳол табар мезад. Ҳатто ӯ аз саросемагӣ чӣ тавр наздик омадани акаи Маҳкамро нафаҳмида монд. Ҳамин ки чашми табарбадаст ба ҳомии ҷангал афтод, ҳайрон монда мисли одами дар ҷояш мехкӯбшуда ҳайкалвор шах шуд. Ӯ ки акаи Маҳкамро нағз мешинохт, ки чӣ гуфтанашро надонист.
-
Ҳа, писари нағз, дар рӯзи равшан дарахт мебурӣ - хомӯширо халалдор карда гуфт акаи Маҳкам.
-
Мебахшед, амак, хостам барои ҳезум олав хона барам, ду рӯз боз барқ нест, лаб хоид ҷавон.
Акаи Маҳкам хост танбеҳи ҷавонро диҳад ё ҷарима ситонад. Аммо ким-чизе ба хотираш расиду каме ранҷидахотирона гуфт:
- Биё рафтем, аз ҳавлиям ҳезум медиҳам. Аз соли гузашта ду-се кунда ҳаст, мебарӣ.
Чунин ҳодисаю воқеаҳо дар ҳаёти Маҳкам Ҷӯраев хеле зиёд рух додаанд, ӯ бо киҳое вонахӯрдааст. Ҳам одамони риёкору харобкори табиатро дидаасту ҳам ошиқони табиат, дашту ҳомунро.
Лекин дар ҳама ҳолат якдигарфаҳмӣ, кордонию масъулиятшиносӣ ғалаба кардааст. Ӯ бо ҳамдастии аҳли хоҷагӣ корҳои зиёде ба субут расондааст. Хоҷагӣ танҳо соли 2004 56 ҳазор бех

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё