Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Гулназар Келдӣ
Шоири Халқии
Тоҷикистон
САРҶАНГАЛПАРВАР
Маҳкам Ҷӯраев барҳақ ошиқи табиату ҷангал, олами набототу зебоӣ аст. Ӯ нағз медонад, ки дар оғӯши афсонавии табиат зистан, аз ҳавои серуни беша нафас гирифтан, дар пайроҳаи кӯҳӣ қадам задан чӣ нашъае дорад. Шояд ин дилбастагӣ ҳанӯз айёме, ки мо якҷоя таҳсил мекардем пайдо шуда буд ва ин завқу шӯр аз зодгоҳаш кӯҳистони Айнӣ оғоз ёфта, оқибат ӯро ба шаҳри Душанбе овард.
Инак, ин марди фидоӣ беш аз чиҳил сол аст, ки дар хоҷагии ҷангали Қамчин кору фаъолият дорад. Ӯ хушбахтии худро дар табиат дарёфтааст. Манзилаш, хонаи ободи вай низ дар канори арчазорому боғоти сарсабз доман паҳн кардааст.
Тӯли ин солҳо Маҳкам Ҷӯраев атрофро ба боғу бӯстон табдил додааст. Ҳангоми тамошои гулбоғи бо ноз парвардаи Маҳкам Ҷӯраев гулу буттаҳои зебо, қатори ниҳолони сарву санавбар, арчаю бодом, садбаргу ёсуман шукуфтаанд.
Аз бӯи муаттари сабзазорони нав майса қад кашида паррандаҳо бозикунон бол мекушоянд. Дар қади беша дастниҳолони имсолаи ӯ нав қад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё