Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ҳайрат меоям. Охир ӯ бо ҳамаи ташвишҳои ҳаррӯзааш, боз вақт ёфта ба тарбияи фарзандон машғул мешавад.

То ҳанӯз нағз дар ёд дорам, айёми мактабхониро. Ҳар рӯз падарам аз рафти хониш, донишандӯзӣ пурсон буд. Натиҷаҳои дарсхониамро таҳлил карда ҳамин, ки чашмаш ба баҳои хубу аъло дучор шуд, чун гул шукуфта завқ мебурд, ана ҳамин хел хондан лозим, писарам, гӯён бо қаноатмандӣ китобу дафтарҳоямро варақ мезад. Вале мабодо дар рӯзномаам бо баҳои ду ё се дучор меомад, каме ранҷидахотирона эрод гирифта ғаму ташвиш ба рӯяш соя андохта бо ҷиддӣ таъкид мекард, писарам, аз ту умедам калон. Коре кун, ки бо баҳои хубу аъло мактабро тамом кунӣ.

Аз бехуда гаштан, умри ҷавониро сарфи корҳои дуюмдараҷа намудан фоидае нест, баръакс бештар хону панди устодонро ба гӯш гир. Маҳз панди падар, ҳидояту маслиҳати вай буд, ки баъди хатми мактаби миёна пайроҳаи падарамро интихоб кардам. Ҳуҷҷатҳоямро бе ҳеҷ дудилагӣ ба факултаи ҷангалпарварии политехникуми шаҳри Душанбе супурдам. Баъди хатми донишгоҳ ба коргоҳи азизи падар – хоҷагии ҷангал баргаштам. Ҳоло паҳлӯи падар кору зиндагӣ карда ифтихор аз он дорам, ки маро Худои таъоло чунин падари мушфиқу ғамхор додааст. Ӯ ҳам дар кору фаъолият, ҳам дар хонадон намунаи ибрати фарзандон аст.

пешина
аз 82
навбатӣ