Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

дар ҳалқаи дӯстон, байни мардуму ҷамъият эътибор ва обрӯ пайдо намояд. Инсон бояд забони хушу дили нарм дошта бошад ва бо меҳнати ҳалолу дили соф ва беғараз байни хешу ақрабо, мардуми диёр ва ҷомеа соҳибэҳтиром гардад. Хушбахтона, дар ҳар давру замон чунин шахсони соҳибэҳтиром кам нестанд.

Бобои Маҳкамбой Ҷӯраев аз зумраи чунин ашхос мебошанд, ки 45 солаи умри пурбаракати худро сарфи парвариши ниҳолу дарахтони гуногуннавъи хоҷагии ҷангали Қамчин кардаанд. Умри пурбаракати боғбон - Бобои Маҳкамбой бар абас нарафта, маҳсули дастони мӯъҷизаофарини ӯ боғи ҳамешасабзи доманакӯҳи пойтахтамон - шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Албатта, шуғли боғдориву ниҳолипарвариро ӯ аз падару бобоёнаш ба мерос гирифта, идомадиҳанда ва пайгири кори ворисон гардидааст. Ба ин маъни шоире мефармояд, ки:

Ниҳоле, ки пешинагон кошанд,
Пасояндагон мева бардоштанд.

Ба ин тариқ, 65 умин солгарди баҳори умри шахси меҳнатпешаву кордон, инсони наҷибу меҳрубон ва ҳимматбаланду хайрхоҳ - Бобои азизу меҳрубонамон Маҳкамбой Ҷӯраевро самимона таҳният гуфта, бурдборӣ ва сарбаландии ҳамешагиро дар зиндагияшон таманно дорам.

пешина
аз 82
навбатӣ