Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афсонаҳои ширини бачагӣ яке ӯро ба осмони хаёлҳо бурда, боли андеша дар уфуқҳои беканор парвоз дошт. Ӯ аз қудрату нерӯи табиат ба ваҷд омада, бо қалби пурорзуи худ хона баргашта паҳлӯи модараш Турсунбибӣ нишаст. Модар ба симои андешаманди ҷигарбандаш нигариста сарашро силакунон гуфт: Писарам дар зиндагӣ асло шитоб накун. Ба мақсад мерасад ҷӯёни кор оҳиста – оҳиста. Иншооллоҳ калон шуда соҳиби обрӯю иззат хоҳӣ шуд. Модар ҳар замон даст ба дуо бардошта Маҳкамро ба сабурӣ, бурдборӣ ҳидоят месохт. Хаёле он соатҳо дуои модар мустаҷоб шуд.

Модар ба фарзандаш фотиҳа дода дилаш пур буд, ки вай албатта дар зиндагӣ раҳгум намезанад, балки бахташро аз табиат, хоки аҷдодӣ меёбад. Хаёле ҳидояти зодгоҳ, бузургӣ ва шукӯҳи деҳаи Қум дасту дуои волидайн буд, ки Маҳкам Ҷӯраев соли 1956 мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм карда ҳамон сол озими омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Панҷакент шуд. Чор сол донишҷӯи ин даргоҳи омӯзгорӣ буд. Дар омӯзишгоҳ асосҳои илми педагогика, таълиму тарбияро аз худ кард. Аммо таги дилаш дигар чиз мехост. Ӯ ҳанӯз ҷӯёи ситораи бахту толеаш буд ва мурғи орзуяш дар фазои беканори табиат бол мекушод.

Соли 1961 омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм

пешина
аз 82
навбатӣ