Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз торафт ободу зебо ва сарсабз мешавад. Баъди пош хӯрдани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон душвории зиёдро паси сар кард.

Маҳз меҳнати фидокорона ва софдилонаи халқи тоҷик буд, ки он рӯзҳо паси сар шудаанд ва каме ҳам бошад мардум ба ҳаёти осоишта қадам ниҳод.

Халқи тоҷик халқи меҳнатдӯст ва меҳмоннавоз аст. Имрӯзҳо дари хонаи тоҷик барои тамоми дӯстонаш боз аст ва аз қадами онҳо худро хушбахт меҳисобад. Солҳои охир халқи тоҷик барои баланд бардоштани ифтихори миллии худ ва таъмин намудани дӯстию бародарии тамоми халқиятҳои сокини Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. (200 калима)

Аз китоби «Хунари иншонависӣ»-и Абдусамади Мулло,
Маҳмадшарифи Рустам

31

Ибораҳоро ёфта, калимаҳои асосӣ ва тобеи онҳоро шарҳ диҳед.

ТИРАМОҲ

Тирамоҳ бо ҳангомаи шамолаки сарди баргрезон аз авҷи худ башорат дод. Ва шаҳриён гӯё якбора чашм кушода диданд, ки долу дарахтон ва талу теппаҳои атроф бо ҳазорон ранг наққошӣ шудаанд. Мавҷи чунуни рангҳо, забонаи пурпечу тоби шуълаҳои хазон, баргҳо ва киштзорони чун рӯи моҳ зарринтоб, оби нилоби ҳавзу рӯдҳоро ҳамранги худ сохта, касро ба андешаҳои андӯҳзо мекашанд. Аз ҷониби кӯҳсорон, ки лаккаҳои нуқрафоми пирях ҷо-ҷо аранге намоёнанд, боди тундхӯ ва худсару бахил дурушту густохона вазида, шоҳаҳои ба ҳам такязадаи дарахтони ғанабрафтаро меларзонад, меҷунбонад, метаконанд. Ва аз ин шӯхии беҷо ё гилгилчаки пири хунукрӯ навдаҳо ибтидо бо ноз ҳамёза мекашаду китфу бозу меафшонанд, сипас баргҳои зард дар гӯши ҳамдигар бо забони зард пич-пичи тиллоранг меогозанд: ибтидо хоболуду норизо, пасон бо шӯру исён ва

пешина
аз 275
навбатӣ