Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

пеҷону рақсон. Ва ҳарфҳои зарди шоҳаҳо бодбараки зарринбол ё парандаҳои тиллогун шуда, ҳазор андар ҳазор рӯ-рӯи шаҳр ва кӯчаву бозор, гулгашту хиёбонҳо бол мекушоянд, танга-танга мерезанд. Осмон бо ҳама паҳноварияш ранги заъфаронро мегирад. Хуршед аз ин ҳангомаву худнамоии пуршукӯҳи фасли пойиз ҳайратзада, шабеҳи пире хаставу бедимоғ ба домани уфуқ такя зада, ноаён сӯи абрпораҳо мелаҷжад... (183 калима)

Абдулҳамид Самад

пешина
аз 275
навбатӣ