Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Низомиддин дучор шавад, худро ба ӯ нашиносонда, роҳро чапғалат дода пеш равад ва дар манзилҳо зиёд наистад...

Фирдавсӣ ба меҳмонхонаи Абубакри Исмоил баргашт. Хастаҳол менамуд, табъаш хира буд, шоирро Абу Дулаф ва Бобак, ки дар интизораш буданд, пешвоз гирифтанд. (125 калима)

Сотим Улуғзода

3 Пешояндҳоро муайян карда, аз ҷиҳати сохт шарҳ диҳед.

ДАР СОҲИЛИ КӮЛ

Бачаҳои бисёре дар кӯл оббозӣ мекарданд. Садоҳои хандаву бозӣ ва ҷастухези шодиомези онҳо дар фазои дараи кӯҳистон ғулгулае андохтааст.

Марди солхӯрдае дуртар аз соҳил дар рӯи алафи сабз нишаста, тани то миён бараҳнаи худро офтоб медиҳад. Дар паҳлӯяш як ҷуфт бағаласо. Вай оҳиста як пои шими худро боло карда, соқи пои чӯбинашро мемолад ва ба оби зулоли кӯл бо ҳасрат менигарад.

Дар осмон чанд ҳавопаймо раҳҳои сафед мекашанд. Раҳҳои каҷ, рост, мудаввар. Акси он раҳҳо ба оби соф афтода морсон мелаппанд ва мехазанд.

Мард ба осмон муддате чашм медӯзад. Нуқтаи дурахшонеро, ки аз паси он рахи тозаи сафед пайдо мешавад, дида табассум мекунад. Баъд назараш боз ба бачаҳои саргарми бозӣ афтода, лабханд аз чеҳрааш дур мешавад. Рӯи чашмонашро пардаи хаёл мепӯшад. (125 калима)

Фазлиддин Муҳаммадиев

пешина
аз 275
навбатӣ