Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ДЕҲАИ НИЛУ

Нилу деҳаи зебо буд. Махсусан кӯҳи Ҳафтсар, ки тахмин ним фарсах дуртар, дар пушти талҳои пасту баланди аксарият сангин, афсонавор қад афрохта, қуллаҳояш ҳамеша барфпӯш буданд, ба ин деҳаи на чандон калон хусну тамкини хоса мебахшид. Аз тарафи шимолу ғарб, аз таки барфу ях ва дили чашмаҳои зулоли ҳамин кӯҳ, як рӯдаки шӯх ҷорӣ гардида, бо шӯру фиғон аз канори Нилу мегузашт ва хеле сарнишеб рафта, ба дарёи Кофрун мерехт.

Деҳа сию панҷ хонавода, як кӯчаи рост, чанд тангкӯчаи качу килеб ва як масҷид дошт. Азбаски дар баландии, қариб дар сояи Ҳафтсар ҷой гирифтааст, зимистонаш салқин... Баҳораш ҳам серноз. Баъзан мешавад, ки дар водӣ офтоби сӯзон бошад, дар ин ҷо борон меборад, ё нохост шамол хеста, аз боло, аз ҳафт қуллаи кӯҳ, нафаси сардро меорад.

Саттор Турсун

РОЗИ АВРОҚ

Варақҳо дар болои миз паҳну парешон мехобанд. Варақҳои чопию дастнавис. Варақҳои чопӣ аксар мактубҳои расмӣ ва мақолау хабарҳоянд. Онҳоро қариб намехонам, қайд мекунаму ба шуъбаҳо бурда месупорам. Забони хушку якрангашон ба дил асаре надорад. Вале мактубҳои дастнавис гапи дигар. Қариб ҳар кадомаШ қиссаи зиндагию қисматеро дар чашми ман ҷилвагар месозад. Аз миёни занҷири пургирехи ҳарфҳои калон симои соҳибашро меҷӯям: яке зану дигаре мард, яке ҷавону дигаре пир, яке ба қисмати

пешина
аз 275
навбатӣ