Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Матнро хонда, тобиши маънои пеоянди дар-ро фаҳмонед.

РАМА

Рӯзҳои хунуки тирамоҳ фаро мерасид. Мардум, ки аз чарогоҳҳо фуромада, дар зояку паяҳои назди деҳа каша сохта молдориашонро давом медоданд, бузхоро оча бача карда ба чӯпонон супориданд ва каппаҳоро канда, ба хонаҳо даромаданд. Мавсими ширу қаймоқ асосан ба охир расид. Дар деҳа фақат гову гӯсфанде монд, ки соҳибонашон барои баста фарбеҳ карда дар ҷиллаи зимистон куштан нигоҳ доштаанд ва чанд бузу меши харобё, ки бо рама рафта наметавонист. Хазони дар ҷӯйҳо ғуншуда ба пӯсидан моил мегашт. Равзанаи кохдонхоро кушоданд: дар сари ботҳо, дар ҷойи ғарамҳои алаф гули рехтаи он боқӣ монд. Дар гӯшаи боми кохдонҳо ғарами кӯмоду роваҳои аз кӯҳ оварда пайдо шуд.

Рама пешу ақиб аз чарогоҳҳои баланду дур пасттар мефуромад, наздиктар меомад. Арафаи ба дашт фуромадан ва оҳиста-оҳиста ба чӯлҳо, ба қароргоҳи зимистонӣ рафтан фаро расида буд. (129 калима)

Ӯрун Кӯҳзод

Вазифаи аломатҳои китобатии матнро гӯед.

САМАДХОҶА

Шабҳо хобаш намебурд, шабҳои дарози тирамоҳ, торик, ваҳмангез ва сард буданд. Аз сӯрох ва тарқишҳои тирезаҳои хона ҳуввос зада шамол медаромад, ба рӯи ҳавлӣ баргҳои хазон, ки аз ток ва аз ягона дарахти тут рехта буданд, хиширросзанон даву хез мекарданд. Шамол онҳоро гоҳ ба боло, гоҳ ба поён, гоҳ ба тирезаҳо оварда мезад. Дарҳо шараккос мезаданд, дарахт ва ток ғуррос мезаданд, тирезаҳо

пешина
аз 275
навбатӣ