Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

11 Нақши пайвандаки у-ро дар ташаккули ин матн шарҳ диҳед.

ГАВАЗНИ ЧАНБАРШОХ

Абрпорае аз теғаи Шеданзо канда шуду рӯи Сармаддеҳ афтод — шамолаке тафси ҳаворо паст кард, шакарнаме домани деҳро тар. Боз дар фарози Хорбуна гавазни чанбаршох пайдо шуд, ҳамон гавазне, ки рӯзе чанд пайдо мешавад, ба дунги Жаврак мебарояд ва ба деҳ менигарад, ки гӯё фарзандашро, ҷигарбандашро дар деҳ банд карда бошанд...

Гавазни чанбаршох аз толаи Барзу мефарояд, дар фарози
Хорбуна рӯи дунги Жаврак чун обидае қарор мегирад ва ба
деҳ менигарад. Хеле менигарад ва боз ҳамун тавре ки омада
буд, бармегардад ва толаи Барзуро хам мехӯрад. Гавазни
чанбаршох толаи Барзуро хам мехӯраду анкабути ҳасрат рӯи
дилам тор метанад, тори андӯҳ метанад, маҳин метанад,
заррин метанад: дилам дард мекунад, вуҷудам месӯзаду ба
нолиш меояд, чунон ба нолиш меояд, ки мехоҳам бихезаму
аз паси он ҷонвари зебову хушсурату озод сар ба кӯҳу ҳомун
занам. (130 калима)
Баҳманёр

12 Чаро дар таркибҳои аз бозе ки, ҳангоме ки, ба шарте ки ва ғайри пеш аз ки вергул намегузоранд?

ЗУЛМИ ТАЪРИХ

Дар кӯҳистони тоҷик аз бозе ки таърих нишон медиҳад,
бисёр зулм ва бедодиҳо ба кор рафт, бисёр хунҳо рехт, бисёр
хонаводаҳо парешон шуд. Мардуми тоҷики кӯҳистон дар
таърихи ҳаёти худ нисбат ба соири мардуми Осиёи Миёна
харобиҳоро бисёртар диданд. Онҳо ҳамчуноне ки аз тарафи
амирони Бухоро ва амалдорони худ ҷавру бедод медиданд,

пешина
аз 275
навбатӣ