Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Яъне, ӯ худ кист, чаро ба ин дунёи равшан омадааст, баъд аз сараш мардум дар ҳаққи вай чӣ мегӯянд, ба фарзандонаш маънии аслии ҳастиро фаҳмондааст ё не... Ва ниҳоят, барои чӣ дар зиндагӣ некиро ситоиш мекунанду бадиро – маҳкум? (130 калима)

Саттор Турсун

Ҳадафи матнро гӯед.

ИСТЕЪДОД ВА ФАРОСАТ

Нафарони беистеъдод, ба ном чӣ шоир ва чӣ носир, дар бораи навиштаву минбаъда нақшаҳои қаламкашии худ аз ҳама бештар ҳарф мезананд. Ва ҳангоми сухан рондан аз ибораҳои хандаовар ба мисли «асари ман», «эҷодиёти ман», «асари навиштаам», «асари эҷод кардаам» ва ғайра беибо истифода мебаранд. Ҳеҷ набояд, андак ба хаёл рафта, сурх ҳам намешаванд. Гумонам, ки ҳатто пайғамбаре ба монанди Толстой аз чунин гуфтан эҳтиёт мебуд. Дар ҳаёти худ на шунидаам ва на дидаам, ки мардони бузурги насри мо, масалан, Сотим Улуғзода ё Фазлиддин Муҳаммадиев, шоирони шаҳирамон Лоиқ Шералӣ ё Гулназар ба истифода аз ин гуна ибораҳо иззати нафси хешро паст зада бошанд. Зимнан истеъдодро ба фаросат низ қарин медонанд. Ва фикр мекунам, вақте кас овоз бароварда, умуман мегӯяд: ман шоирам, ман нависандаам... айби на камтар аз гуноҳ аст. (128 калима)

Саттор Турсун

пешина
аз 275
навбатӣ