Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

21
Вазифаи исму ҷонишинҳои матнро шарҳ диҳед.

СОҲИБИ ХОНА

Дари хона бесадо кушода шуд ва ҷавони қадболои хушлибос дохили хона гардид. Вай на хароб ва на фарбеҳ буда, пешонаи васеъ, рухсораҳои зебо ва чашмони сиёҳи хандон дошт. Ӯ сар то по сафед пӯшида, аз ин рӯ пӯсти баданаш торафт қаҳварангтар менамуд. Ӯ аз рӯи қолин сабук-сабук қадам монда, ба китобмонак наздик омад ва се-чор дона китоберо, ки дар бағал дошт, як-як ба қабати китобҳои дигар гузоштан гирифт.
Хона – хонаи барҳавои хеле калон буда, асбобу анҷомҳои он хеле сода ва бо ин содагии худ зебо буданд. Умуман намуди хона гувоҳӣ медод, ки соҳиби хона одамест, ки чизи чандон нодаркорро дӯст намедорад ва дар ҳама кор як тартиби оддиро риоя мекунад. Хона, ки тирезаи бисёр дошт, ниҳоят равшан буда, асбобу анҷоми он ҳам тоза ва равшан буд. (128 калима)

Пӯлод Толис

22
Ҷумлаҳоро равшану бурро қироат кунед.

НАҚШИ ОБРАЗ

Боре фарзанди хурдсоли яке аз шоирони араб дар сароғози аҳди Ислом – мутаАССИФОНА, номаш ҳоло дар ёдам нест – тозон назди падар омада, шикоят мекунад, ки кадом ҳашара ӯро сахт газид.
– Вай чӣ буд? – бо ҳаяҷон мепурсад шоир.
– Намедонам, ҷомаи бекасаб дошт... – мегиряд кӯдак.
– Тавба... – ҳайрон мемонад шоир.
– Ғиҷжак менавохт... – идома медиҳад кӯдак.
Ва падар аз занбӯр будани он ҳашара пай бурда, ба шодмонӣ нидо мекунад:

пешина
аз 275
навбатӣ