Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  • Сабаби нобуд гардидани мардум заҳри афъист, ки барои миронидани шахсҳову баровардани ҷонҳо офарида шудааст ва зарару зиёни халқ дар вай таркиб ёфта.
    Дигаре гуфт:
  • Гуноҳ аз соҳиби зиёфат аст, ки чошнӣ нафармуд ва миёни зараргору безарар фарқ накард.
    Шоҳзода гуфт:
  • Дар ин воқеа ҳеҷ гунаҳгор нест. Ва ҳодисаҳои осмониву фалакиро баҳонае бас бувад. (249 калима) Аз китоби «Ҳаким Синдбод»

7

Матнро ифоданок хонед.

СУХАНИ ҲАҚ

Ҳаҷҷоҷи золим ба шикор рафта буд ва аз лашкар ҷудо афтод. Дар шаби торик ба об афтода наздик ба ҳалокат расид. Шахсе ӯро нашинохта аз об халос кард. Ҳаҷҷоҷ ӯро пурсид, ки чӣ ном дорӣ ва дар куҷо мебошӣ. Гуфт: «— Фалонӣ ва дар фалон маҳалла». Чун сабоҳ шуд ва Ҳаҷҷоҷ дар тахт нишасту гуфт: « Фалониро аз фалон маҳалла биёред». Чун оварданд, Ҳаҷҷоҷ гуфт: «- Аз ту чизе мепурсам, агар ба ростӣ ҷавоб додӣ, ростӣ ва илло арзаи теғи сиёсати ман шудӣ». Гуфт: «- Он шахсе, ки зулму тааддӣ ва бедодӣ карда бошад ва халқ фанои ӯро аз Худо толиб бошад ва вай дар мӯҳлака ва варта афтода бошаду наздик ба ҳалокат расида. Шахсе ӯро... аз он бало халос диҳад ва балои ӯро боз бар сари халқ оварда, бар вай чӣ бояд кард?». Он шахс дарёфт ва гуфт: « Шоҳо донистам, ки он золим, ки бар халқи Худой зулму ситам мекунад, шумоед ва дар бало афтода будед ва ман шуморо халос кардам. Бинобар ин ки падари шумо, ки бар сари мо ҳоким буд, зулму тааддӣ бисёр мекард ва халқ ӯро нафрин месохтанд. Бо умеди он ки шумо, ки писари ӯед, шояд ки беҳтар аз ӯ бошед. Чун ӯ мурд, шумо бо сад ҳаромзолагӣ будаед, тарсидам, ки мабодо ки миред,

пешина
аз 275
навбатӣ