Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

дорухонаи ақл ба ғайр аз интиком давос надорад. Оре,
интиком бахшандаи ҷон, умеди пирӯзӣ аст. С. 1942. (205
калима)

Шарифҷон Ҳусейнизода

6 Навъи зарфҳои дар матни овардашударо аниқ созед.

ГУНОҲ АЗ КИСТ?

Овардаанд, ки дар асрҳои гузашта марде хост, ки ҷамоатеро зиёфат кунад, чунон ки лоиқи дӯстони мувофиқ бошад ва андар он даъват такаллуфу дабдаба, ки расм шудааст, ба ҷой орад.

Пас канизакро ба талаби шир ба бозор фиристод.
Канизак зар бидод, шир бихарид ва зарфе, ки шир дар вай буд, саркушода бар сар ниҳод ва рӯй ба хона овард.
Иттифоқо, лаклаке море дар даҳон гирифта, дар фазои ҳаво бар болои он зарф бар самти шир бигузашт ва қатрае чанд заҳри кушанда аз оби даҳони афъӣ дар шир афтод ва ҳеҷ кас бар он хабару вуқуф наёфт...

...Аз он ширбиринҷ сохтанд ва анвои таомҳову хелҳои ғизоҳо пеши меҳмон бурданд, чун навбат ба ширбиринҷ расид, ҳар кӣ як луқма ба кор бурд, бияфтод ва ҷон бидод.

Акнун дар ин кор ҷиноят киро бувад ва ҷурм аз ҷониби кӣ афтод ва сазовори сазову сарзаниш кӣ бошад?

Яке гуфт:
— Гуноҳ канизакро бувад, ки шарти эҳтиёт ба ҷой наовард ва шири саркушода бар сар ниҳод, то луоби афъӣ дар вай афтод.

Дигаре гуфт:
— Ин ҷиноят лаклак содир кардааст ва ҳалоки ин ҷамоатро сабаб ӯ будааст, ки афъиро бар самти шир гузаронид, то заҳр дар вай чакид ва воситаҳои ҳалоки қавме гашт.

Дигаре гуфт:

пешина
аз 275
навбатӣ