Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
лой бимонд. Ҳарчанд ҷаҳд мекард,... пару болаш ба гил олудатар мешуд. Козур биёмаду ӯро бигирифту рӯй ба хона ниҳод. Дар роҳ дӯсте пеш омад ва пурсид, ки «ин чист?». Козур гуфт:
- Ин кулангест, ки мехост кори боша кунад, аммо худро низ ба бод дод. (217 калима) Ҳусайн Воизи Кошифӣ
ЛУҒАТ
козур – шустагар, либосшӯй
куланг – турна
10 Зарфҳоро аз матн ёбед ва навъашонро муайян кунед.
РӮ БА СОЗАНДАГӢ
Баҳори соли 1999 фаро мерасид, соли ҷашни 1100-солагии давлатдории тоҷикон. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ самараҳои аввалини худро медод: мо аз сӯзандагӣ ба созандагӣ рӯ меовардем. Бунёдкорон бо ҷидду ҷаҳди шоиста роҳи оҳани миёни Қурғонтеппа ва Кӯлобро эъмор мекарданд. Роҳсозон шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулмаро барпо менамуданд.
Дар мавзеи Яхчи Поёни ноҳияи Шӯробод роҳи хома, ки аз ду самт сохта мешуд, сар ба сар омад ва ба ин муносибат дар ин ҷо гирдиҳамоии пуршукӯҳе барпо гардид. Дар ин маҳфили диловарию корномаи намояндагони сокинони Тоҷикистон, сафоратхонаҳои хориҷӣ, ҳамчунин гурӯҳи калони шоирону нависандагон... иштирок доштанд. Вақте ки чархболи мо ба ҷои муайяншуда фуруд омад, дидем, ки кӯҳу пуштаи гирду атроф пур аз одам аст. Аз ҳама ҷолиб он буд, ки дар он сӯи дарё, дар замини Афғонистон низ ид аст.
140

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё