Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Сокинони наздики сарҳад дар соҳил ҷамъ омадаанд ва бо роҳсозону соҳибони роҳ шодӣ мекунанд.
Дар ин ҷамъомади пуршукӯҳ Президенти кишвар бунёдгузорони роҳ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва зикр карданд, ки замони аз муҳосираи бероҳӣ берун омадани Ватани мо фаро мерасад.
Дар Душанбе ҳаво хунук буд, дар Яхчи Поён бошад, аллакай ҳавои гарми тобистона ҳукмронӣ мекард. Атроф сабз ва гулҳо шукуфта буданд. Ҳама либосҳои гарми худро бадар кардем ва рӯҳои офтобнахӯрдаи мо дар як зум сурхранг шуд.
Тантанае, ки дар ин тангно барпо буд, ба иди ҳақиқии эҳё ва бунёдкорӣ табдил ёфт. Хурду калон меболиданд, чеҳраҳо шукуфта буданд. (236 калима)
Гулназар
11
Матнро хонед ва ҷумлаҳои зарфдорро шарҳ диҳед.
БЕШКАНД
ЯК замонҳо ободу серодам будани водии Бешканд аз ҳамин низ маълум мегардад, ки вақти ҳамвор кардани замин аз дами бели механизмҳо сафолпораҳо, зарфҳо, асбобҳои сангӣ бисёр мебароянд. Вайронаҳои манзилгоҳҳои қадима, қабристонҳои кӯҳна падид меоянд. Асосан ин бозёфтҳо дар самти ғарбии водӣ, дар доманаи Туюнтоғ ба назар мерасанд.
Бостоншиносон муайян намудаанд, ки дар водии Бешканд шаҳраку деҳаҳои мардумнишин дар асрҳои аввали давраи мо сохта шудаанд. Дар онҳо одамоне мезистанд, ки аз гӯшаҳои гуногуни давлати Кӯшониён омада будаанд. Дар ин давра давлати Кӯшониён ба авҷи аълои худ расидааст. Онҳо асосан ба кишоварзӣ машғул мешудаанд. Дар назди деҳаҳои қадимӣ киштзорон ба назар мерасиданд. Одамони бостонӣ зироати гуногун, хусусан гандуму нахӯд мекиштаанд. Барои обёрӣ аз Чилучорчашма истифода мешудааст. Оби Чилучорчашма ба ду канали шимолӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё