Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷанубӣ ба киштзорон ҷорӣ мегардад. Дар мавқее, ки канал ба ду шоҳоб ҷудо мешуд, қалъаи хурд, вале мустаҳкаме воқеъ будааст. Дар ин қалъа сарбозон ҷой гирифта, ба каналҳо бо як мизон ҷорӣ шудани обро назорат менамудаанд.

Вале об ба водӣ кифоят намекард. Сохтмони корези бошандагони бостонии Бешканд ҳам, чи тавре ки маълум аст, тавфиқ наёфтааст. Сокинони Бешканд бо ҳунари кулодӣ ва тиҷорат низ машғул шудаанд.

Тақрибан дар асри панҷум ҳаёт дар ин деҳаю шаҳрчаҳо якбора қатъ гардидааст. Мувофиқи мушоҳидаҳои мутахассисон дар водӣ сӯхтори калоне ба амал омадааст, ки ба асари ҷанги шадид рӯй додааст. Зеро асбобу анҷоми қобили истифодаи рӯзгор партофта шудаанд. Шояд ин дар замоне рух додааст, ки давлати Кӯшониён завол ёфта буд, давлате, ки панҷсад сол вуҷуд дошт... (245 калима)
Бахтиёр Муртазоев

12
Дар васфи забони модарӣ шеъре қироат намоед.

ДАР АТРОФИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ФОРСӢ

Баъзе касоне, ки ба забони тоҷикӣ дуруст ошно нестанд, «забони тоҷикӣ аз форсӣ чӣ қадар фарқ дорад?» гуфта мепурсанд, аммо касе, ки ба адабиёти куҳна ва нави форсӣ ва тоҷикӣ шиносӣ дорад, ба хубӣ медонад, ки дар миёни онҳо фарқи асосӣ нест. Дуруст, агар мо лаҳҷаҳои маҳаллиро ба назар гирем ва ба ҳамон нигоҳ карда забонҳо ба гурӯҳҳо ҷудо кунем, на ин ки дар байни Эрон ва Осиёи Миёна, дар байни худи аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам хеле лаҳҷаҳои ҷудогона ёфт мешаванд. Лекин дар дунё ҳеҷ қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъи лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа забони ҷудогона сохта бароварда бошад. Як тоҷик ё ки як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монандӣ инҳоро чӣ қадар фаҳмида ва дӯст дошта

пешина
аз 275
навбатӣ