Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

поҳоям мепечид: «Ё баррачаро дар замин гузор, ки ӯро дандонгаз карда, бо ӯ бозӣ кунам ва ё маро ҳам дар бағалат андоз», - мегуфт. Лекин дар бағал ҳам ором нашуда, бо овози маҳини худ ав-аву ур-уркунон ба ҷониби баррача хез мезад, гӯё ки «фуро, дар рӯи сабзазор давак-давакбозӣ мекунем». - мегуфт. Мехост, ки аз гӯшҳои дарози сафедаки ӯ газида кашола кунад. (246 калима)

Ҳабибулло Назаров

19 Пайвандакҳои пайвасткунанда ва тобеъкунандаро аз матн ҷудо намоед.

ИМОНИ ЗАН

Қудрати ақлонии занро чун наҷотбахши дунё арз намуда, як қисмати он будани маърифат, донишу илмро ишора намудем. Қисмати дигари ақл имон аст. «Имон дорӣ — осоиши ҷон дорӣ» гуфтаанд.

Лек имони зан на танҳо осоиши ҷони ӯ, балки осоиши башар аст, ки ба ҳафт ранг тақсим кардаанд. Ва ин ҳафт ранг нишони покизагист. Рангҳои фаросату тамиз, одобӣ иффат, ҳаёву шарм ва номус.

Зани баимон кист? Бешак, занест бофаросату соҳибтамиз, хушэдабу баиффат ва ниҳоят, занест шармгину баномус. Имон ҳамрешан хайру эҳсон буда, зани баимон зани ботинату хайрхоҳ ва соҳибсаховат аст. Аз ибтидо имон бахшиши муҳаббат ба Худост ва пайванди мо бо парвардигори ҳастист, зани баимонро тарс аз Худо бошад ва дили ӯ маъбади фарзандони тамоми дунёст.

Худованд ба зан ризояте дода, ки чун Худои муқтадир офаранда бошад, ҳаёт бубахшад. Вагарна бузургтарин бузургони олам саҷда намеоваранд пеши пои модар. Хирадманду оқилтарин ва шуҷоътарин мардони олам тӯмор аз дуои модар намедоштанд. Рӯймол ба пеши пои афсарон афкандани модарон ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ рамзи ошӣ

пешина
аз 275
навбатӣ