Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ДАР СОҲИЛИ БАҲР

Баҳри нопайдоканор баъди тапиданҳо, ҷаҳиданҳо ба гирду атроф ғулғула андохта, чун шери ба хашмомада ғуррида аз сар ба соҳил заданҳои чандрӯза бемадор шуда, орому осоиш ихтиёр кард. Офтоб, ки дар ин чанд рӯз чеҳраи гарму дилҷӯяшро паси абрҳои гирён пинҳон карда буд, ниҳоят табассум кард ва гесувони заррини худро рӯйи мавҷҳои нуқрафом боз парешон сохт. Насими фораме вазида, навдаҳои сабзи тӯсу шамшодро нарм-нарм алвонҷ дод ва қатраҳои борони дирӯза болои сабзаю себарга ғалида рафтанд. Моҳихӯракҳо дар осмони мусаффо боз ба рақс омада, гоҳ ба боло, ба ҷойҳои дур парвоз мекарданду гоҳе бо суръати тез сарозер поён фуромада, болу пари сафеди худро ба мавҷҳои нуқрафом расонда, шуста, рӯ-рӯи об яхмолак рафта, аз назарҳо пинҳон мешуданд. Киштиҳои боркаши ноилоҷ лангарпартофта низ бонги зафар зада, синаи баҳрро дарронда, ба пеш ба ҳаракат омаданд. Соҳили Баҳри Сиёҳ аз сари нав серодам, сермагал, хуллас, ки пурҷӯшу хурӯш ва тамошобоб шуд. Одамон худро боз ба оғӯши оби ҷонбахш андохта, давида ба соҳил, ба регзори тафсон баромада, зери нурҳои офтоб дароз кашида, ҳузуру ҳаловат мебурданд.

Ман қад-қади соҳил, рӯ-рӯи сангҳои лағжонаку гуногунранг қадам зада, моҳичаҳои аз шиддати тӯфон ба соҳил афтидаю локату бемадоршударо дошта, ба об ҳаво медодам ва боз ҷон пайдо кардаю ба қаъри баҳр ғӯта зада рафтанашонро тамошо карда, худ ба худ завқ мекардам... (214 калима)

Ибод Файзуллоев

пешина
аз 275
навбатӣ