Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Усто Қодирро ба ҳоли худ монему аз Зуҳур хабар гирем. Зуҳур шабе баргашт, ки ситораҳои осмон ҳам наметофтанд; шаби тира ва гирифта буд. Зуҳур баргашту Забур не... Зуҳур аввал хонабанд буд, сонӣ рӯшод шуд ва ба рағми кору кирдорҳо -- хонаро нимбуд партофта рафтани усто Қодир аз куҷое усто оварда... мардикор андохта хонаро буд кард, пасон дар кӯчаҳо рух намуд. Ба меҳмонхонаи ба бинову таманно созондааш меҳмонони «олиқадр» меомадагӣ шуданд: аз уезди Самарқанд, волости Панҷакент, волости Киштӯд ва ҳатто аз уезди Хуҷанду губернияи Туркистон... (140 калима)

Сорбон

7

Алоқаи байни калимаҳои матнро шарҳ диҳед.

МАЙДОНИ КОРЗОР

Ману ҳамсафарон кафи дастонро ба пешонӣ соябон кардаву аз офтоби сӯзони нимрӯзӣ зери ар-ари камшоҳу барге паноҳ ҷуста, гаштаву баргашта кӣ медонад дафъаи чандум бошад, ҳо, ба он ҷо, ба сангрезаҳои ба канал, ба киштзорони гирду атроф пошхӯрдаи домани кӯҳ нигоҳ мекунем. Он ҷо, ки сабзазорони муддате пеш дилрабояш ҳоло зери хоктӯда монда пажмурда шудаанд, корвони мошину тракторҳо чун мӯрчагон муттасил пасу пеш равуо доранд. Суроби одамоне, ки ба шиддати гармӣ парво накарда, оқибати фалокати дирӯзаро бо ғайрат ва матонати хеш барҳам заданианд, ба назар метобанд, одамони мисли ин кӯҳсорон сарбаланд, шуҳратманд, мушкилнописанд.

Замоне доманаи ин кӯҳ, ин нуқта, ин гӯшаи табиат мисли садҳо гӯшаҳо ва талу теппаҳои ин сарзамин як ҷойи муқаррарӣ ба ҳисоб мерафт, номи махсусе, ки онро аз дигар ҷойҳо фарқ мекунонад, надошт. (130 калима)

Ибод Файзуллоев

163

пешина
аз 275
навбатӣ