Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ибораҳои фразеологии матнро шарҳ диҳед.

БУХОРИИ ХИШТӢ

Чанде пеш Зариф дар номааш башорат дод, ки Худо хоҳад ба наздикӣ дар шикоргаҳ дидор мебинанд. Пазмон шудааст ҳамаро... баргаштан замон пирони диёр, мазору марқади бузургворҳои атрофро зиёрат мекунад, сипас ба кор камар мебандад; дигар намегузорад, ки модарҷонаш даст ба оби хунук бирасонад; дигар ӯро болои дида ва сар мегардонад... Хонаро таъмир, бомро бо каҳгил зайле меандовад, ки солҳои сол начакад. Хиштрезиву дуредгарӣ аз дасти худаш меояд. Дар аскарӣ ин ҳунарро омӯхт. Тахта беҳисоб: табар мезаниву теша, ранда мекуниву мех мезанӣ; гаштаву баргашта месозӣ... Як ҳуҷраи барҳавои деворҳояш най барин рост сохта, даруну берунашро бо оҳак сафед мекунад. Дигар пеш аз иди Наврӯз бо ҷорӯб ба деворҳо сафедхокоба шапидани модараш низ лозим намешавад. Ба ҳуҷра чунон дари баланд мешинонад, ки бобои Некном ҳам нашуда, паҳлу қаҷ накарда, ба он дарояду «қандата зан, ошно» гӯяд. Охир, се сари сол ин ҷо кораш хона, дару тирезасозӣ будааст. Боз аз хишт сохтани бухории русиро ҳам ёд гирифтааст. Дар зимистони сарди кӯҳистон бухорӣ ва ҳамоми русӣ баҳо надорад, роҳати ҷон аст. Хонаро нағзу бардавом гарм мекунад бухории хиштӣ, болояш ҳам хӯрок мепазӣ, ҳам об меҷӯшонӣ... (182 калима)
Абдулҳамид Самад

Аъзоҳои ҷумларо дар ҷумлаҳои матн нишон диҳед.

ИСТЕЪДОДИ НОТАКРОР

Сабки нигориши Сайф Раҳимзод дар наср зоҳиран сода менамояд; руҷӯъ, хаёлот, андеша ва муколамаҳои он бо ҷумлаи дарози печ дар печ не, кӯтоҳ, муъҷаз, пуробруанг, образнок истифода мешаванд — ҳамранги суҳбатҳои гарму

пешина
аз 275
навбатӣ