Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
дилчаспи инсонҳои хокӣ, хушлаҳҷа, пурзарофат, шоиртабиат ва ё файласуфваши тундгуфтору комил, дар баёни мақсад фавқулодда. Вале мисли саҳли мумтанеъ дар назм серу пургунҷоиш рангомез аст насри Сайф. Вай аслан насри аз ҷумлаҳои содаи қолибӣ ва мисли оби даҳони мурда беҳароратро намеписандид, чунки худро бо шираву шарбати адабиёти асилу баландпоя, сухани ноб парварида буд. Сайф зимни нигориш танҳо ба ҳунар такя карда, умуман аз нақли доманадори хушку урён мепарҳезад. Яъне, бо ин сабку услуб Сайфи нависанда бо асараш аз пайи хонандаи омиёна, ки дар ҳар давру замон афзун, бешумор мебошад, намеравад, балки бо афроди хушмутолиа, базавқ, зебопарасту маънирас ошно шудан мехоҳад. Ин, албатта, пешаи каси боистеъдод, ҳунарманд ва заҳматписанд аст.
Абдулҳамид Самад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё