Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Онҳо дар шоҳсорони баланди сафедор бозӣ мекарданд. Гунҷишкакон аз навдае ба навдае парида, ниҳоят худро ба болои бом, ба замин, ба роҳравҳо ҳаво дода, ризқу рӯзииашонро пайдо мекарданд, шод шуда, қанотак мезаданд, нағмасарой мекарданд...
...Устои гилкор дар зери партави нурҳои офтоб бо завқ ба нардбон часпида, боло баромад, гумбади нилгун ва пурҳашаматро бо диққат назора кард, ҷойҳои аз боду борон газандёфта ва тармимталаби онро даст-даст карда дид ва ба поён, ба шогирдон нигариста гуфт:
- Сар кардем. Кори таъмири мақбараи Башоро оғоз гашт. Зери дастони пурэъҷоз ганҷинаи қадимаи шаҳр лаҳза ба лаҳза намуд ва рангҳои мухталифи пешинаи худро пайдо мекард.
Дари осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ боз гашт ва як гурӯҳ сайёҳони аз ҷойҳои дур омада вориди он гаштанд. Лаҳзае нагузашта кӯзаҳо, хумҳо, сару либос, сангҳо, катибаҳо ва дастнависҳои қадима ба забон меоянд ва аз таърихи суғдиён, аз зисту зиндагонии мардуми Панҷакенти қадима ба ҳикояти доманадор мепардозанд.
Ду нафар аз роҳи паҳлуи осорхона, ки то ба соҳили дарёча мебарад, қадам зада, дар назди обҷувоз ва осиёби қадима бозистоданд ва бо ҳайрагу кунҷкобии зиёде ҳар як олоти орду обҷувоз (шоликӯбиро) даст-даст карда диланду табассум намуданд. Маълум. Онҳо сайёҳонанд, сайёҳони хориҷӣ ва ин ҳама бароишон басе мароқовар. Охир, чизҳои дирӯзакак гӯё бароимон ошно, аллакай таърихи ноёфт, антиқа шудаанд. Карнайи табакмонанди радиои солҳои ҷанг, патефон, равед, ки накораву сурнай ҳам.
...Ду мӯйсафеди нуроние аз ду тараф, аз самтҳои муқобил асозанон омада, дар мобайни пули навсохти болои сой бо ҳамдигар ҳолу аҳвол пурсиданд. Дер боз инҷониб надида буданд, ки суҳбаташон қаймоқ баст. Яке гапи дигареро бурида, ҳарф мезад ва кайҳо ҳарду фаромӯш карда буданд, ки ин роҳ, ин пул мошингард аст. Ёди ҷавонӣ мекарданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё