Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
рафта, дарро баста чароғро кушта омад ва дар рӯ ба рӯи ман нишаста гап сар кард:
– Акнун, ки ту маро ба болои ин кор, ки нисбат ба касони дигар безарар ҳам бошад, нисбат ба худам ҷиноят аст, дастгир кардӣ, бояд ҳамаашро ҳикоят карда диҳам. Лекин шарт он ки ба ҳеҷ кас нагӯй. Агар ба Абдухалилмахдум гӯй, ихтиёр дорӣ, чунки «нагӯй» гӯям ҳам, албатта, ба ӯ хоҳӣ гуфт, аммо ба одамони дуртар аз мо нагӯй, ки маро хандазор мекунанд.
– Ба Ҳайрат чӣ? – пурсидам ман.
- Ба ӯ ҳам гӯй, майлат, чунки ба ӯ ҳам албатта хоҳӣ гуфт, лекин таъкид кун, ба касе нагӯяд. Ӯ ҷавони ростқавли сангин аст, сирри дӯстонро баъд аз қавл додан фош намекунад.
– Хуб, – гуфтам ман. – Худам медонам, ки ба кӣ гуфтан даркор, ба кӣ нагуфтан. Ту ин ҷоҳои корро ба худи ман ҳавола карда, ҳикоятро сар кун. (301 калима)
Садриддин Айнӣ
6
Матнро ифоданок хонед.
АНДАР ОЙИНИ БА ГАРМОБА РАФТАН
Бидон эй писар, ки чун ба гармоба равӣ, ба серӣ марав, ки зиён дорад...
Аммо гармоба сахт хуб чизе аст ва шояд гуфт, ки то ҳакимон биноҳо ниҳодаанд, аз гармоба чизе беҳтар насохтаанд. Лекин бо ҳама некӣ ҳар рӯз ба гармоба рафтан сул надорад, балки зиён дорад, ки аъсобу мафосилҳо* нарм кунад ва сахтин вай бибарад. Ва табиат одат кунад ҳар рӯз ба гармоба шудан, чун як рӯз наёбад, он рӯз чун беморе бошад ва андомҳо дурушт шавад.
Пас чунон бояд, ки ҳар ду рӯзе як бор шавӣ то ҳам танро сул дораду ҳам ба раъной мансуб накунанд.
Ва чун зимистону тобистон дар гармоба равӣ, аввал дар хонаи сард як замон таваккуф кун, чунон ки табъ аз вай ҳаззе* биёбад. Он гоҳ дар хонаи миёна рав ва он ҷо як замон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё