Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Бо як ҷумла ҳадафи асосии матнро баён созед.
ДУРАХШИ ОФТОБ
Акнун офтоби бахти мо тулӯъ кард ва он рӯшаниву гармӣ мебахшад. Ин офтобест, ки ҳеҷ гоҳ гуруб намекунад. Шуълаи он, гармии он дигаргун аст ва ҳам дар тасаввур намегунҷад. Ин офтобест, ки ҳазор сол тулӯи онро интизор будем.
Пештар аз мо чӣ мардумоне даст ба дуо бардоштанд, то ин офтоб тулӯъ бикунад, рух бинамояд ва гармию рӯшанӣ бубахшад.
Ва ҳам башорат ба шумо, эй мардуме, ки ҳазор сол интизории ин офтобро доштед! Ва ҳам башорат ба шумо, эй мардуме, ки пас аз мо меоед ва чашматон бад-ин хуршеди оламтоб боз мешавад. Шумо, эй мардуме, ки пештар аз мо дар ин сарзамин умр ба сар бурдед, ба рӯҳи бузурги худ моро бо ин офтоб мебинед ва бо шодию хуррамӣ мегӯед:
«Мардуме ҳастед бас хушбахт. Ва мабодо лаҳзае дунё шуморо бифиребад ва аз ин офтоб дар канор бимонед?! Мабодо ба поёнгативу ҷовидонии ин офтоб ба он боваре, ки доред, одаму оламро фаромӯш бикунед?! Орс, охир:
Ҳар кӣ ӯ арзон харад арзон диҳад,
Гавҳарӣ тифле ба курси нон диҳад.
Не, не, шумо тифл нестед. Шумо гавҳарро низ мешиноседу офтобро. Аммо Худованд ин офтобро ба шумо арзонӣ дошта.
Бо ин офтоб роҳи мо ба сӯи шумо равшан мешавад ва роҳи шумо ба сӯи ояндагон ва низ роҳи шумо ба сӯи мо ва роҳи ояндагон ба сӯи шумо».
Шумо, эй мардуме, ки пас аз мо меоед, бо дилбастагӣ ва меҳри зиёд ба рӯҳи мо хитоб мекунед:
«Шумо мардуме будед хушбахт, ки тулӯи ин офтобро ба чашмони худ дилед ва онро гиромӣ доштед. Шумо мардуме будед ба офтоб назлик ва аз ин рӯ, ҳама нур доштед, ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё