Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

раис ваъда дода буд, ки тухми МБ-5-ро дар ин замин мекорем.

Бомдод хунук хӯрда аз хоб хестам ва аз тиреза ба берун нигариста, атрофро сап-сафед дида, дар дил хурсанд шудам.

Мо якчанд хона дошта бошем ҳам, ҳар сеямон - падару модар ва ман дар як хона мехобидем. Зимистон хонаҳоро ҳамеша гарм нигоҳ доштан, аз як тараф кори осон набуд, аз тарафи дигар ба ин зарурат набуд. Чолу кампир, ки тамоми умр зимистонро гирди сандалӣ гузарондаанд, имсол ҳам аз он дил канда натавонистанд, ҳарчанд ки ман дар ин хона печи чӯянӣ оварда шинондам. Ҳоло онҳо дар ду кунҷи сандалӣ пойҳояшонро дароз карда, бофарогат мехобиданд.
Ман нӯг-нӯги пой қадам монда, ба пойгаҳ фаромадам. Ба сар телпаку ба китф ҷома гирифта, ба берун баромадам.
Бемуҳобот, рӯи ҳавлӣ кӯрпаи барфӣ қариб ду ваҷаб меомад.
Ду-се бор сандуқи диламро пур карда, аз ҳавои тозаю сард нафас гирифтаму сипас курчакро пайдо карда, сӯи ҳезумхона роҳ кушодам. Чанд парха ҳезум андохта, печро даргирондаам. Ҳезум қисир-қисир садо бароварда, оташ мегирифт. (321 калима)

Маъруф Бобоҷон

12 Ба зери калимаҳое, ки задаи мантиқӣ гирифтаанд, хат кашед.

БАЛХ

Дар дашту хомун, гирду атрофи шаҳри Балх қариби ғуруб хуршеди арғувонии зимистон ба муқобили боди сард қиём менамуд.

Ҷалолиддин болои боми хокпӯш дастонашро ба остини
фарачи васеъ ва то бучулаки пой дарозаш андохта, ду
оринҷашро бо ду кафаш дошта, ба қофилаи одамон, ки
мӯрчаосо, ба қавли доноён, ду ҳазор ҳамчунин омадурафт
доштанд, назора менамуд. Шаҳри Балх борҳо бо дасти
ғосибон ба хок яксон шуда, аз бун барканда гаштааст, вале

пешина
аз 275
навбатӣ