Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ФАРОҒАТ

Тафти гармо фурӯ нишаста, рӯз яқин гашт мекунад, ки расидани ин соат аз як қадар тағйир ёфтани ҳавои хона баръало маълум аст. Оби ҷӯйбори саҳни ҳавлӣ ҳам акнун ба оҳанги дигар ҷорӣ мешавад, – гӯё бештар шитоб дорад, гӯё аз шодӣ дар муҳити худ намеғунҷад. Дар пушти тиреза шоҳу баргҳои дарахти зардолу аз нав ҷон мегиранд, оҳиста ба ҳаракат меоянд. Ман ҳоло нимхобу нимбедорам; сабук ҳамёза мекашам, мегардам. Ва чашмонам худ ба худ боз мешаванд. Ба пардаи турбофи дари кушода дам ба дам панҷаи бодаки серун печида, домани онро махин мечунбонад, гоҳо ба қаду бараш низ безор чанг мезанад. Ғоҳи дигар аз роғи таки ҳамин матои нафис сар халонда, дар рӯи фарши хона мехоҳад ба сайр ояд.

Ман худамро бардам ҳис мекунам. Дар болои кӯрпача дастонамро бемалол кушода, аз нав ҷамъ меорам. Муддате лоқайд ба вассаҳои шифти нуҳболора менигарам. Пас беихтиёр боз ду-се карат ба пушту паҳлу гашта, хоса ҳаловат мегирам. Нафасам амиқ, устухонам сабук. Шояд аз ҳавои ҷонбахши ин деҳаи хурди кӯҳистон аст, ки дар мағзи шонаҳоям, дар сандуқи сина ва банди дасту пойҳоям як зӯри тоза, як мадори то кунун ноошноро пай бурда, хушу хурсанд аз дил мегузаронам – рӯзи сеюм аст дур аз шаҳр дар фарогатам, ҳай дам гирифтам, аз хоб ҳам он қадар сер шудам, ки эҳтимол ба чанд ҳафта кифоят мекунад. Асабам ором, мулоим... абрешимро мемонад. Боз чӣ даркор ба кас? Эҳа-а, биҳишт! Ба хомӯшии саҳни ҳавлӣ ғайр аз шилдироси пасти ҷӯйбор танҳо шибир-шибири баргу навдаҳои зардолу, овози гаҳу ногаҳи мурғони ҳаво ва аҳён-аҳён садоҳои дури кӯдакони деҳа халал меоранд. Ҳамон ҳам, баъзан, канда-канда...

Саттор Турсун

пешина
аз 275
навбатӣ