Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳамзамон вай хуб медонад, ки то расидан ба кашфи асрори дӯкони Мирзо Бедил ё Боязиди Бастомӣ, яъне ба ошёнаи баланди шеър... чӣ роҳи сангинро мебояд тай намуд. Ва на танҳо медонад, балки Гулназар худ солики мудоми ин роҳи мушкил аст, ҷонфидои мудоми користонест, ки дар паҳнои он ба хуни дилу бедории ҷони ташна шеър меофаранд, на радифу қофия. Пас, имрӯза маҳбубияти шоири мумтози мо низ нахуст аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад.

Аввалин маҷмӯаи ашъори Гулназар соли 1969 интишор ёфта, «Расми сарбозӣ» ном дошт. То ба имрӯз мо чандин китоби дигари ӯро истиқбол гирифта, шод мешудем, ки миллати тоҷик чунин шоири ҳам сарбоз, ҳам халлоқ дорад. Ва инак, боз як дафтари тозаи Гулназар дастрас гардид ба унвони «Фасли оғоз» - китобе пур аз эҳсоси ватанхоҳӣ, пур аз идроки амиқи олами ҳастӣ, пур аз муҳаббат ба ҷавҳари инсон, ба рангҳои ҷонбахши табиату ҷамъият... Пур аз эътимод ба фардои дурахшони миллат дар ин дунёи тӯфонӣ! (294 калима)

Саттор Турсун

ЛУҒАТ

соликон – пайравон
интишор – нашр

16

Хабарҳоро аз матни мазкур муайян карда, бо кадом ҳиссаи нутқ ифода шудани онҳоро гӯед.

БОЗЁФТ

Рӯзи моҳи март ба торикӣ табдил меёфт. Осмонро абрҳои ғафси сиёҳ фаро гирифта буданд. Борони барфолуд аз шиддати шамоли сахти қибла печутоб хӯрда меборид. Молҳоро аз чаро ба қишлоқ баргардонидам.

Мардум молашонро аз пода ҷудо карда, ба оғилҳои гарм мебурданд, аммо ман хонаи гарм надоштам. Хонаам

пешина
аз 275
навбатӣ