Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳамин ҳам, ман он шахсро аз худам саховатмандтар меҳисобам». (263 калима) Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»

18
Ҷои хабарро дар ҷумлаҳо муайян кунед.

КӮҲИ ИМОМАСКАРӢ

Шихаи баланду осмонгире бедорам кард. Масти хумори хоб бошам ҳам, ночор хестам. Сардие ба ҷонам давиду рӯи ҳавлӣ баромадам. Рӯз сафед мешуд ва шири дамидаи субҳ аз шонаи кӯҳи Имомаскарӣ метаровид.

Дар ҳавлӣ зардолу гул карда буд ва насими сард аз сари теппаҳо накҳати фораму ҳаловатбахши баҳорро меовард. Сафедии шири полудаи субҳу зардии бемадори шафақи домони осмон сари кӯҳи барфолуд таровида, бар пораҳои абри тунуки домани уфуқ мефитод. Девораҳои баланду ҷигарии кӯҳи Имомаскарӣ – захми шамшери хунолуди Рустами Дастон аз сафедии субҳу зардии шафақ ранг рабуда, хуни ҳанӯз нахушкидаи Сӯҳроби Ялро ба чандин тобиш ҷилва медод.

Дар бари теппаи сабзпӯши канори деҳ ду аспи бесаворас андар тавила бетоқатона сар афшондаю пой кӯфта, довталабона шиҳа мекашиданд. Шиҳаашон баланду ҳашмолуду осмонгир буд, аз сари кинаю оташи шавқи боло гирифта, хезу силтав мезаданд ва аз банду расан раҳо ёфта, бо ҳам дарафтодан мехостанд. Дар поёнтар андаруни чарогоҳи канораи боғи ғарқи гули сафеди олуча модиёне гирумони онҳоро бесаброна тамошо мекард.

Ҳолаи моҳи бузург аз кафи абрҳои даридаи сафедранг рахида, ба сари кӯҳ мехамид. Аз самти дигари уфуқи шафақандуда пардаи нафиси абрҳо чун пойандози густурдае офтобро истиқбол мегирифтанд. Як қираи офтоб аз паси тегаи девори ҷигарии арғувоносо – ёдгори беғазанди захми шамшери беамон тофтау партави бемадораш аз қабати абрҳои домани уфуқ гузашта, сар-сари кӯҳу теппаҳои сафеду

пешина
аз 275
навбатӣ