Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Ба кадом ҳиссаҳои нутқ ифода шудани пуркунандаҳоро гӯед.
ПОЙИЗ
Дарахтони хазонрасида хаставу ноҷӯр, ба ин гуфтугӯҳо бепарво, лек аз ҳуҷуми ногаҳонии боди тунд ошӯбзада, ба сару қудуми роҳгузарон бо саховати беандоза тиллобарг нисор карда, ба ҳама ҷо фарши зархалӣ мегустурданд. Баргҳои зард сари шоҳу навдаҳо ва рӯи кафн боди худсар бо забони зарду ҳарфҳои тиллогун дар мотами якдигар ва фасли ранҷуру пурнури пойиз бо ранги зангор марсияи зархалин иншо карда, бо ҳаёхӯй ва кафкӯбиву навҷон қаҳрабои онро бе замзама месароянд. Абрҳо аз чор самт бо ҳар дастур: бовиқор, хашмгин, хаставу бетоб сар кашида, ба осмон ҷомаи тирафом пӯшонидан мехоҳанд, шуълан офтобу шохи абрҳо шабеҳи гургу меш якдигарро чашми дидан надоранд. Афтударафти бод, абру офтоб соат ба соат шадидтар мегардад. Ва дар ин мубориза гоҳ-гоҳ аз дидаи абрҳо сиришк низ мечакад; аз мижгони хуршед сар-сари ёлаву болои ҷангалистонҳо даста-даста нур мерезад ва ё мӯқалами зарҳаландуди ин шоҳи нодиракор, шукӯҳу ҷилои рангҳоро дучанд меафзояд. Шаҳру талу теппа ва кӯҳдомани атрофи он тасма-тасма, қитъа-қитъа рангрезу зарнигор, балки дар оғӯши оташранг хомӯшу андешаманд, ба ғанаб мераванд... Дилбохтагони пойиз, онҳое, ки ин фаслро чун муъҷиза аз дилу ҷон пазмонанд, аз лаззати ҳусн ва базми рангини дарахтон қаноатманд, аз суҳбати зархалпечи баргҳо чун гуфтугӯи пурмағзи пирони рӯзгор шоду мамнун, ба андеша мегӯтанд. Вале занону мардоне ранҷуру умрдида аз ошӯби боди хазону ҷангу ғубор нохуш бо каф гулӯ ва сандуқи дил молида, ё бо дастрӯймол пеши димоғ баста, ба хирмани хазонҳои сӯзони бари роҳ ва дуди талҳу доғҳои сиёҳ бо нафрат нигариста, кашмакаши боду талоши баргҳои заъфаронии хушҷилои кафи бодро шабеҳи хона равшан кардани инсони аз умру захмати беҳисоб ва бемории дуру дароз хаставу дар табу тоб меҳисобанд. Лек пойиз давр меронду марсияи зархалини худро замзама мекард.
Абдулҳамид Самад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё