Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
тамошои боғи Ирам – ин боғи дар зебоӣ беназир, баъди дидани сарву санавбарҳои осмонбӯс ва дарахтони пурбори лимӯ, анор, себ, гулҳои рангоранги назаррабо бори дигар боварӣ ҳосил кардам.
Дар бораи боғи Ирам донишмандон ва сайёҳони ҷаҳон бисёр ҳикоёти латиф кардаанд. Дар хотироти нависандае ин ҷумларо «байни он сарвҳо сарвест, ки шуҳрати байналмилалӣ дорад ва чунон танноз, чунон қоматбаланд, ки сари худро дар оғӯши абрҳо ниҳодааст» чанде пеш игрорқ меҳисобидам. Ҳоло ҳамроҳи дӯстон аз тамошои ин сарв чашм канда наметавонистаму ангушти ҳайрат ба лабон мебурдам. Гурӯҳи мо ба танаи он такя карда, баҳри хотира сурате гирифт. (304 калима)
Ибод Файзуллоев
25
Аъзоҳои пайрави ҷумларо аз ҷумлаҳои матн нишон диҳед.
МУЛЛО БОҚӢ
Растаи болопӯшидае, ки аз Тоқи заргарон ба майдони Регистон мебаромад, аз ду тараф дӯкончаҳои ҳархелаи ба ҳам зич дошт. Дар ин ҷо он тартиби муайяни растаҳои заргарию атторӣ ё тимҳо*, ки дар он ҷо дӯконҳо аз рӯи хели молҳо ва хӯрокворӣ қатор-қатор ҷой гирифта буданд, дида намешуд. Аз тарафи рости раста пас аз ду-се дӯкони читфурӯшӣ ду дӯкончаи чойфурӯшӣ, баъд дар миёна як дӯкони сартарошӣ, баъди вай дӯконҳои як шонагароши пиру қадокгари* эронӣ воқеъ шуда буд...
Харидорони ин раста ҳам аз мардуми оддӣ то ку гимҳои пуршукӯҳи шаҳр фарқ мекарданд: ин ҷо мударрисони номдор, бойбачаҳои олуфта, сипоҳиёну мансабдорони шаҳр намеомаданд. Мизоҷони ин раста аксар муллобачаҳои мадраса, камбағалҳои қишлоқӣ ва бечораҳолони шаҳр буданд.
Дар поёнтар, дар наздикии ҳамғашти назди майдони Регистон дӯкончаи хурди сахҳофие буд. Соҳиби он мулло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё