Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
13 Аз матн ҷумлаҳои мураккаби бепайвандакро ёбед.
ОРЗУҲО
Шаби моҳи июн баъди фориғ аз кор шолчаи кӯҳнаи худро дар ҷои шамолрави баланд андохта, мо се тан фароғат доштем. Аз ҷои мо ҳамаи қишлоқ менамуд. Осмони софу нилгунро ситораҳо гирифта буданд.
Акнун посе аз шаб гузашта, қишлоқ саросар хомӯш шуда буд, фақат кӯршапаракони шабзиндадор ба ҳар тараф парвоз мекарданд. Дар ягон хона равшанӣ дида намешуд. Мардуми воҳима зерикарда қасдан чароғ дарнамегиронданд, онҳо торикиро ба худ ҷонҳалосӣ мешумориданд, «равшаниро дида, босмачиён омада, моёнро талаву тороҷ мекунанд, мекушанд», - мегуфтанд онҳо. Аммо овози чирчиракҳо торафт баландтар мешуд. Ман ҳоло ҳам чашмонамро аз назораи ситорагон намекандам, фикру хаёл маро ба ҳар гӯшаю канор мебурд.
...Гоҳ ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро рафта, сайругашт карданро орзу мекардам, осмони он ҷоҳо ҳам ба монандӣ осмони диёри мо софу ситораҳои бисёр дорад, кӯҳҳои баланду дарёҳои шӯхи пурмавчи калон дорад, гӯён аз хотир мегузаронидам. Алою Таргелро ҳам, албатта, ҳамроҳи худ бурдани мешудам. (145 калима)
Ҳабибулло Назаров
14
Ҷумлаи якумро таҳлили наҳвӣ кунед.
БАРФИСТОН
Сафед аст осмон, он қадар сафед, ки чашмамро мебарад. Гӯё паҳнои барфистон ба осмон кӯчида бошад. Ё гарами абрҳои сафед аст, ки чун яхпораҳои бузург дар паҳнои осмон шиноваранд. Ҳо, чун гарами барф ва сардии нафасаш бар тани ман асар дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё