Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
1
Услуби матнро муайян кунед.
ОБ – МУЪҶИЗАИ ҲАЁТ
Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54 -уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намудани соли 2003 дар саросари ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳу дастгирии аҳли башар қарор гирифт.
Дар китоби муқаддаси «Авесто» об дар қатори чор унсури ҳаётан муҳими табиат – оташ, хок ва ҳаво номбар шудааст.
Дар ривояту осори аксари халқҳои қадим (юнониҳо, ҳиндуҳо ва дигар халқҳо) об ҳанӯз пеш аз замину осмон вуҷуд доштааст. Яке аз файласуфони Юнони қадим Фалес обро мабдаи олам мешуморад, ки баробари хоку боду оташ оламро таркиб додааст ва гуногунии табиат маҳз ба зуҳуроти гуногунии об вобаста мебошад. Арасту ин чор унсури оламро воҳиде меномад, ки он тар, сард, гарм ва хушк буда, зуҳуроти онҳо (об, бод, хок, оташ) метавонанд ба ҳамдигар мубаддал шаванд ва ё худ хосияти худро байни ҳамдигар иваз намоянд.
Об муъҷизаи ҳаёт аст ва бе об ягон мавҷуди зинда наметавонад вуҷуд дошта бошад. Муайян шудааст, ки 70%-и бадани одам ва қисми зиёди таркиби растанӣ ва меваю сабзавот низ аз об иборат мебошад. Мувофиқи тадқиқот 95%-и бодиринг, 90%-и помидор, 85%-и себу нок ва 80%-и картошка аз об таркиб ёфтаанд. Дар сурати аз 10 то 20% гум кардани об организм ба ҳалокат дучор меояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ охири қарни XX миқёси ҷаҳонии истифодаи об дар соҳаҳои саноат 20 баробар, дар кишоварзӣ 6 баробар ва дар соҳаҳои хоҷагии коммуналӣ 10 7 баробар афзудааст.
Дар бисёр давлатҳои халиҷи Форс, баҳри Миёназамин,
баҳри Хазар, инчунин дар Япония ва ҷануби ИМА
корхонаҳои махсуси тасфияи оби баҳр ва аз нав ҳосил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё