Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тасаввури мо намеғунчид. Ҳиндумарде сӯи мақбара рафтани моро дида беҷуръатона омад ва матои сабзфоми болои қабрро, ки эҳтимол тундбод қачу пурхокаш карда буд, бардошта афшонд ва бо каф чанги лавҳро пок сохту онро болояш густурд. Мо бо навбат санги мазорро бӯсида, атрофаш мечархем. Ва Қосимӣ, ки дар синну сол аз мо бузургтар аст, аз оятҳои Қуръони маҷид ба рӯҳи пурфутӯҳи Бедил ва хуфтагони ин мазор фотиҳа хонд.

Дар ду тарафи санги болои гӯри шоир ин сатрҳои ҷовидонияш сабт гардида:

Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест, Хезад аз тори раги санги мазор оҳанги ман.

      • Бедил, таҷаддудест либоси хаёли ман, Гар сад ҳазор сол бароям, куҳан наям. (364 калима)

Абдулҳамид Самад

7 Навъи ҷумлаҳои мураккаби тобеи матнро муайян кунед.

ШУҲРАТИ ШОИР

Ҳазору сад сол пеш дар осмони ин диёр ситораи бомдодӣ, ки ғунҷаҳои боғи маърифатро лабханд, булбулони бӯстони тоҷикро бедор мекард, дурахшида буд, ки кам-кам бо номи Рӯдакӣ шуҳрат гирифт. Ӯ забон ва адабиётамонро, ки дар зери ҳокимияти бегонагон саду шаст сол фишори сахт хӯрда буд, аз нав рӯҳ ва ҷон бахшид. Гуфтан мумкин аст, ки дар гузашта ягон шоири тоҷик дар қудрати эҷоди назм ба вай баробар шуда наметавонистааст. Ӯ ба назми тоҷикӣ, чи дар мазмун ва чи дар шакл, ороиши тозае бахшида, дар ҳар як шаклҳои он, монанди рубоӣ, ғазал, маснавӣ, қитъа, қасида, ки сонитар дар назми тоҷикӣ хеле маъмул гардид, шеър оғоз кард. Ба ин ваҷҳ, чи муосирони Рӯдакӣ ва чи баъдомадагон, вайро манбаи илҳоми худ дониста, бо лақаб ё унвонҳои

пешина
аз 275
навбатӣ