Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муносибатҳои маъноии ҷумлаҳои мураккаби пайвастро гӯед.

ХУДРО АЗ ТУ ЁФТАМ

Тоҷикистон! Мазҳари ман,
сарзамини камзамин.
Лоиқ

Тоҷикистон – модари ман. Гузаштаи ту гузаштаи ман аст. Ояндаи ту – ояндаи ман. Ту ҳаргиз шамшер набудӣ, ки синаҳо бидарӣ. Бале, китоб будӣ, ки барбарҳоро хирад омӯхтӣ. Рӯдакӣ ҳикмати туро суруд. Айнӣ саодати туро чакома хонду инқилоб туро шинохту ҷаҳон туро шинохт.

Ту гаҳвораи деҳқонӣ! Деҳқон хокатро муқаддас донаду дона афшонад. Туро киштзоре донад, ки обёрӣ бояд кард. Туро боге донад, ки шукуфон бояд дошт.

Ту ошёни париёнӣ! Зеботар аз ту дар ҷаҳон чизе нест. Дӯшизагони ту тавонанд ҳама мардони оламро ба асорат гиранд.

Ту ватани доноёнӣ! Пури синаи ту ҷароҳатҳои дунёро шифо бахшид. Румии ту қавмҳои гуногунро зарраҳои як офтоб шумурд. Ту фанонашавандаӣ. Фарзандони дирӯзу фардоятро месароям ва меситоям.

Ба бахти мо 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати миллии худ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Дар тӯли ин солҳо халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гаштааст. Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ, биноҳои баландошёна аз ҷумлаи маҳсули заҳмати мардуми ин кишвари биҳиштсо мебошад.

Дар айни ҳол Тоҷикистонро зиёда 140 давлати дунё ба расмият шинохтааст. Аз ин рӯ, мебояд мисли фарзандони як модар, шохобҳои як рӯд, дарахтони як боғ амал намуда, бо номи миллат бифаҳрем, зеро қисмат кардани Тоҷикистон ин қисмат кардани модар аст. Шоир Камол Насрулло барҳақ гуфтааст:

пешина
аз 275
навбатӣ