Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Офтоб... Пайваста ба рӯяш механдид. Гӯё бачагиаш гулбарге буд, ки дар оғӯши боди атрбези баҳорон сабук шино карда, аз сари боғоту талҳои сабз мегузашт. (110 калима)
Саттор Турсун
Ба сохту таркиб ва маънои феълҳои матн диққат диҳед.
НАВИСАНДАИ БОИСТЕЪДОД
Истеъдоди худро на фақат аз даст надодан, балки муттасил тарбия карда, шоиста ба камол расонидан низ ҳунар аст. Чунин одам ҳатман мебояд лоиқи иззату эҳтироми самими бошад. Вай охир, дар роҳи хизматҳои холисонаи эҷоди ҳама гармии дилу ҷонашро ба сарф медиҳад. Барои халқ, барои фардои ватан... Ва бе ягон эҳтирос, ё худ пушаймони... Дар радифи имрӯза носирони бақуввати тоҷик ман бештар Абдулҳамид Самадро ҳамин гуна шахсияти собитқадам донистам. Чунки вай тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба дарёи бимноки сухан хӯ гирифта, ҳатто гаввоси моҳир гардида... бигузор ба ранҷу заҳматҳои зиёд, аммо дурдонаҳои тоза ёбад. Ва нисори мардумон созад. Ба ин маъни, хусусан «Аспи бобом», «Косаи давр»-и ӯ, ки дар адабиёти мо падидаи хушоянданд, ҳамин тарзи тадқиқи лангардори бадеиро муайян намуданд. (110 калима)
Саттор Турсун
30 Матнро ифоданок хонда, ба зери масдарҳояш хат кашед.
СУХАНВАРИ БЕНАЗИР
Мезебид ба устод Сотим Улуғзода аз минбарҳо мулоҳиза рондан, дар давраҳои хуш ширкат варзидан, бо дӯстони ҳамсолаш монанди Ҷалол Икроми ва қаламкашони аз худаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё