Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҷавонтар ба мисли Фазлиддин Муҳаммадиев ё Муъмин Қаноат суҳбат оростан. Ҳар ақидаи вай дар хусуси адабиёт гӯё қонун буд барои адибони навомӯхт (воқеан, аз калонсолон низ фикри устодро қариб ҳама ба ҷон мепазируфтанд), ҳар соядасти вай гӯё тӯмор буд барои ҳаводорони каломи бадеъ. Инак, дар ёдҳои мо ба мақоми ҳамин гуна як фарди нотакрор, чунин як суханвари беназир мондааст Сотим Улуғзода ба тимсоли ҷаззоби худ, бо асарҳои пурсӯзу гудози худ. Ва аминам, ки ҳамин тавр хоҳад монд. (101 калима)
Саттор Турсун
31
Услуби матнро муайян кунед.
ПАДРӮД БО ДУШАНБЕ
Хайр, Душанбе, хайр шаҳри ишқу умеду орзуҳои ман. Дар оғӯши гарми ту сабзидаму камол ёфтам. Лаҳзаҳои ширини ҷавониам дар кӯчаю паскӯчаҳои ту гузашт. Хом будам, пухтаам, ғӯраҳои норасидаам самар овард.
Шукру сипоси беҳад, ки маро чун модар дар канорат парваридӣ. Рустоии нобаладе будам, бо ҳангомаҳои талху ширинат бароям сабақ додию обу гиламро аз нав сириштӣ. Дуруштиҳоямро ҳамвор кардӣ, густохиҳоямро бахшидӣ, гарданшахию якравиҳоямро шикастӣ. Ҷояш омад маро тарошидӣ, ҷояш омад ба хок фикандию саркӯб кардӣ, ҷояш омад навозишам намудию таскинам бахшидӣ.
Ту бароям аз модар ҳам азизтар будӣ, Душанбе. Бо пайкорҳои сангинат бе ҳарфу ҳиҷо пандам медодӣ. Дар оғӯши гарми ту расми афтодану хестан ва бо сабру тамкини мардона зистанро омӯхтам. (110 калима)
Бароти Абдураҳмон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё