Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зинати осорхонаҳои муътабари ҷаҳонанд...

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнини, бахусус танҳои китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри устод Абдураҳмони Ҷомӣ хеле муъҷаз ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёр нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳои,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад. То омадани ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнависӣ доштанд. Аз он давра ёдгориҳои хаттие мисли «Авесто», «Ёдгори зарирон», «Дарахти ассурик» боқӣ мондааст.

Махсусан, замони салтанати Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ ба номи «Ганчинаи ҳикмат» амал мекард.
Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз аст.

Воқеан дар ягон давру замон бе китоб - ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ «Хонаи бе китоб - рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Оре, «ганҷ магир - китоб бигир» мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд.

пешина
аз 275
навбатӣ