Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Халифабобо Ҷумъазода

ЛУҒАТ

мамолик — мамлакатҳо

Фарқ ва имлои ҳарфи ӯ ва у-ро шарҳ диҳед.

ҲАВЛИИ РИЗО

Ризокамбағал баъд аз адои хизмати хонаи бой нисфи шаб ҳалоку ҳазин ба кулбаи худ омад. Чароғи лоинро дар гиронда ба токҷа гузошт. Чароғи хира ба хонаи тангу тираи ӯ нур даровард.

Барои тахт намудани ҷои хоб як намади куҳна, кӯрпачаи астару абракарбос ва лӯлаи алочаи раҳ-рахи порагӣ ҳамеша дар кунҷи рости хонаи ӯ «тахт» буд. Дар ҳар як ё ду ҳафта чангу гарди палосҳоро меафшонд. Дар як кунҷи хона ду табақи чӯбин бо як кӯзаю косаи сафолини лабшикаста ва дар кунҷи дигаре як оҳани ҷуфт ва шоҳаю бели корхӯрда «ёдгорӣ аз падараш» буданд. Дар пешгоҳи даҳлезча як дегдоне ёдгории аз ҳама азизтар буд. Дар деворҳои он нақши панҷаҳои модараш акс ёфта буданд. Болорҳои каҷ ва ҷо-ҷо пӯсидаи хона дар назар чун пари зоғ сиёҳ менамуданд. Оби барфу борон дудаи коси хонаро шуста, бо ранги равғани загир ба қади найбаргҳои кашол рӯи хона мефуровард ва табъи ӯро хиратар мекард.

Баҳорон дар рӯи боми пастаки Ризо донаҳои ҷаву гандум, так-так, чанорак, гулхайра, бугумак, лола, қумригул, чашми арӯсак ва ғайра мерӯиданд. Ҳамин ки тобистон мешуд, дар роғҳои девори хона занбӯр, тортанак, каждуму калтакалос ва ҳоказо макон мегирифтанд. Калламушон дару деворҳоро сӯрох карда, шабҳои дароз метохтанд, ба рӯи хона хок мепошиданд.

пешина
аз 275
навбатӣ