Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифин, ки дар сангарҳо нишаста буданд, чунин муроҷиат намуд:
«Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо намоем».
Ин даъвати пешниҳоди Ҷаноби Олӣ аз тарафи мухолифин пазируфта шуд ва бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид гуфтушунидҳо барои сулҳу осоиштагии Тоҷикистон оғоз ёфтанд.
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати мо ба ҳарфҳои заррин навишта шуданд, дар ин рӯз Созишномаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мухолифин ба имзо расид...
Инак, аз таърихи ба имзорасии ин санади муҳими таърихӣ солҳо сипарӣ шуданд.
Тоҷикистони мо имрӯз тараққӣ мекунад ва гул-гул мешукуфад. Маҳз меҳнати зарбдоронаи халқ ва роҳнамоии оқилонаи сарвари давлат аст, ки ҷумҳурии мо истиқлолияти худро мустаҳкам кунонд. Ба андешаи мо сулҳу ваҳдат танҳо аз дӯстӣ, ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ пойдор мегардад. Маҳалгароӣ ва ғайбату бухтон оташи нифоқу ҷангро бармеангезад.
Ҷанг меоварад ба инсон дарду ғам,
Ҷанг ин нокомию зулму ситам,
Ҷанг доғи синаи хурду калон,
Ҷанг вайронию дарду алам.
Махсусан маҳалгароӣ боиси ҷангу ҳархашаи ҳамватанон шуда метавонад.
Мо бояд ба фаҳми он бирасем, ки ҳама фарзандони Тоҷикистонем, чӣ хатлонию, чӣ зарафшонию чӣ бадахшонӣ.
Мо медонем, ки ҷангу ҷидол ва душманӣ ба ҷамъият танҳо харобию даҳшат меорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо