Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

магар дар бораи писараш фикр мекард, ки оҳиста ба назди вай омада нишаст ва хаёлмандона ба гап сар кард:
– Писарам, шумо ба ёздаҳ даромадед, калон шудед, нагоҳбегоҳ мактабро хатм мекунед, саводатон хуб баромадааст, китобҳо паи ҳам мутолиа карда шуданд, гӯё шеър ҳам машқ мекунед. Ман рӯзи гузашта дар байни китобу дафтарҳои шумо чанд чанд шеъри шогирдонаро дида мондам. Онҳо яқинан аз шумоанд. Мутолиа кардам, дар васфи ишқу табиат гуфта шудаанд, ба назарам хуб намуданд. Камбудӣ қариб надоранд. Агар ҳамин хел шеър гуфтан гиред, насиб бошад, шоири хуб мешавед. Акнун вақти он расидааст, ки ба ҷамъияти бузургон, ба суҳбати хирадмандон наздик бишавед ва аз илму фазли эшон баҳраманд гардед.
Адиб Исмоил хомӯш монд ва ба писараш чашм медӯхт.
Собир ба гапҳои падар оромона гӯш меандохт. Дар охири сухани вай, – бисёр хуб, қиблагоҳ, – гуфта монд. Вале дар ҳамон лаҳза ҳайрон гардид, ки падараш аз шеърҳои ӯ огоҳ шудааст ва ҳатто чандтои онҳоро мутолиа кардааст.
Шеърҳояшро падараш таъриф кард ва аз камбудиҳояш гап назад. Гуфт, ки ӯ «шоири хуб мешавад». Ин таъриф Собирро ниҳоят мамнун кард. Вай ҳис мекард, ки падараш донишманди бузургест. Дар Тирмиз обрӯю эҳтиром ва ҳурмат дорад. Пайваста бо аҳли илм ҳамнишинӣ мекунад.
Умри худро бештар дар мадраса ва суҳбати уламо мегузаронад. Китоб аз дасташ канда нест. Шеърдонӣ ва шеърхонӣ ороиши фазилати ӯст, шоир ҳам мебошад ва шеър мегӯяд. Ҳаракату рафтораш тамкину ромӣ доранд, бовиқор ва донишмандона қадам мезанад...
Собир дар он рӯзҳои мактабхонӣ доиман аз падар таълим мегирифт. Дар зери назорати ӯ сатрҳои душвори дастнависҳоро меомӯхт, хати зебо машқ мекард, шеърҳо шунида, ба илми қавофию бадеъ диққат медод ва инчунин ҳикояҳои гуногун аз қиссаҳо, ҳадисҳо ва ривоятҳо мешунид.
Падари бузургвораш ҳамеша аз паи таълими ӯ буд ва мехост, ки вай соҳиби фазилату обрӯ гардад. Дар натиҷаи хониши доимӣ ва кӯшишоти падар аз синни нуҳсолагӣ ба шеърнависӣ машқ мекард, вале аввалин машқҳояшро пас аз як-ду мутолиа нест менамуд. Танҳо пас аз ду сол, дар

пешина
аз 275
навбатӣ