Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Устод Лоиқ дар шеъри «Таърих гувоҳ аст» ин матлабро воқеъбинона ба риштаи назм кашидааст:
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст...
Таърих басе дида, ки андар раҳи паймон
Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.
Ҷон канда басе лек,
З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст...
Сафарҳои шуарои дурандеши мо, мисли Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.
Аз шоирони муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Бо фарарасии фазои мустақиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо ба тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи озоди демокративу дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор мениҲад, бе ваҳдату ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба ихтирои техникаи нав, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, забондонӣ, робита бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад.
Ҳоло ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод шинохтааст, мо бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигузорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модар аст. Дар ин мавриди шоири шинохта Камол Насрулло хитоб мекунад:
Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо