Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора-пора байни фарзандон?

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллии худ мебошад. Парчаму Нишони Тоҷикистон бо рамзу рангҳояшон ҷаҳониёнро бо анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон ошно месозад.

Бо эътимод метавон арз намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Дар ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд. Бояд зикр намуд, ки муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи наврасӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад. Оре:

Дар ғарибӣ зарраи хоки диёр,
Ҳамчу ганҷи сина дорад эътибор.
Қатраи оби Ватан нӯшида кас,
Бишнавад гӯй хумор аз чашмасор.

Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан аст. ( 549 калима)

Халифабобо Ҷумъазода

пешина
аз 275
навбатӣ