Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ки Мирзо Турсунзодаро як болу пари халқи тоҷик ва Бобоҷон Ғафуровро болу пари дигари он мешуморид: «Ӯ буд, ки (Мирзо Турсунзода – А.С.) тоҷиконро бо ном ва корҳои худаш, — гуфтааст Сотим Улуғзода, — ба ҷаҳон машҳур мекард, ба туфайли ӯ ҷаҳон тоҷиконро мешинохт ва эътироф мекард. Миллат бе фарзанди бузургаш бе болу пар аст». (181 калима)
Абдулҳамид Самад
7 Услуби матнро муайян кунед ва аломатҳои китобатиро шарҳ диҳед.
ЧАШНИ НАВИСАНДА
Чандест бо мухлисони асарҳои муаллим Фотеҳ Ниёзӣ ҳамсӯҳбат мешаваму онҳоро ба маҳфили ҷашни эшон даъват мекунам. Мегӯям, ки муаллим, баногоҳ он касро устод ном бубарӣ, сахт меранҷад, якбора оташ мегирад ва коҳишомез таъкид мекунад: «аз барои Худо, маро устод нагӯед. Айнӣ устод буд, Лоҳутӣ, Мирзоҷон устод буданд» — 75-сола шуданд!
– Бовар надорем!
– Чаро? – мепурсам.
– Ба 75-сола монанд не ӯ. Қоматаш рост, чеҳрааш арғувонӣ, роҳгардиаш бақувват. Мӯи сараш сафед шуда бошад ҳам, як тораш нарехтааст...
– Хайр, ба муаллим чӣ таманно доред?
– 75 соли дигар умр бинанд. – гуфт якс.
– Ин кам аст, – эътироз афзуд дувумӣ.
Баҳсе ба амал омад байни мухлисони асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ. Ва дар охир гуфтанд: ба муаллим расонед, ки то синни сад пириро ба ёд наоранд. Ҳамеша бардаму тансиҳат бошанд ва аз корнамоии ҷӯраҳошон – бобоёну падарони мо асар нависанд, асари нағзу хонданбоб...
Ман ин таманниёти онҳоро ба муаллим Фотеҳ Ниёзӣ расондам. Вай табассум ба лаб, гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо