Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
– Э чонаке!.. (153 калима)
Абдулҳамид Самад
8 Сархат чист? Матни зеринро ба чанд сархат ҷудо кардан мумкин аст?
МАЙДОНИ ҶАРБ
Ҷанг ҳанӯз идома дорад. Садои тиру тӯп гоҳе аз наздик,
баъзан аз дуриҳои дур ба гӯш мерасад. Сарбозон, ки ҷо-ҷо
байни ҷангал саргарми суҳбату шӯхӣ, номанавсӣ, шустани
либос, наъл задани суми асп, дарбеҳи попӯшӣ ё поку равған
кардани силоҳ мебошанд, аз ин безобита намешаванд. Гӯшу
ҳуши онҳо ба чунин садоҳо одат карда. Аммо аспҳои хаставу
ғанабрафта, ки саргарми чаридан ё дар офтобрӯ гардан ба
гардан ниҳода, бо лабу дандон пушти паҳлуи ҳамдигарро
мехориданд, якбора сар бардошта, аз ташвиш найзавор
рост, даме ба гӯшаи чашм ба аскарон менигаранд. Аз
гаркишу тирпаронии ҳайвонҳо безору дилгазон шудаанд. Ва
дар чунин маврид мепоянд, ки аскарон сӯяшон мешитобанд,
ё не. Эҳа, гӯли ин ду-се соли ҷанг онҳо мисли инсонҳо
лаҳзаҳои бешумори даҳшат пушти сар карда, пурдида
шудаанд. Не, ҳам сарбозон, шабу рӯзи чор фасли сол оромӣ
надоранд. Охир, ҷанговаранд; шарафу номус, хонумони
мардумро аз душмани хунхор ҳимоя, балки сарзаминро аз
фашизм тоза мекунанд ва медонанД, ки дар ҷанг ғафлату
бепарвой хатари ҷону шикаст дорад. Ҳо, Худо накунаду
нақшаи ифлоси душман амалӣ шавад ва онҳо бо талафоти
гарон мавқеи худро аз даст диҳанд, дигар аз пушаймонӣ
ангушти надомат газидан чӣ суд? Таънасору шарманда ва
умре личилу дар азоб мегарданд. (192 калима)
Абдулҳамид Самад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо